Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна», Ҳизбуллоҳи Лубнон дар изҳороте эълом кард, ки артиши душмани сионистӣ рӯзи гузашта бо анҷом додани ҳамлаҳои ҳавоӣ, таркишҳо ва ҳадаф қарор додани минтақаҳои гуногун дар ҷануби Лубнон, ба вайронкунии созишномаи оташбас идома додааст.
Ҳизбуллоҳ дар ин изҳорот таъкид кард, ки ин амалҳо вайронкунии фоҷеъ ва ошкори оташбас мебошад.
Ҳизбуллоҳ илова кард: Тибқи гузоришҳои воридшуда, душмани сионистӣ биноҳои истиқоматиро дар минтақаҳои «Набатия» ва «Мейфдун» ҳадаф қарор дода ва як ҳавопаймои бесарнишин низ ба самти заминҳои кушод дар деҳаи «Фарун» ҳамла кардааст.
Инчунин артиши душман бо амалиёти вайронкунанда, биноҳои истиқоматиро дар деҳаҳои «Тайба» ва «Ҳадаса» тарконда, инчунин дар деҳаи «Маҷдал Зун» таркишҳоро анҷом додааст.
Муқовимати исломӣ дар ниҳоят бо эълом кардани он ки ҳамаи мавориди вайронкунии оташбас аз ҷониби артиши душмани сионистиро дақиқ расад мекунад, бар ҳақи қонунии худ дар дифоъ аз ватан ва миллат таъкид кард.
Your Comment